Дар чанд ҷумла
Наздикони Меҳроншоҳ Ҷумъаев аз ҷараёни таҳқиқи марги ӯ норозиянд
Наздикони Меҳроншоҳ Ҷумъаев, афсари милисае, ки ба гуфтаи мақомот аз тири ҳамкораш дар бинои ШКД-и ноҳияи Панҷ ҷон бохт, тафтиши қазияро ноодилона хондаанд.
Холиқназар Ҷумъаев, амаки Меҳроншо Ҷумъаев, дар суҳбат бо хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, аз раиси ҷумҳурӣ ва додситони кул хостанд, таҳқиқи қазияро аз ихтиёри Додситонии ноҳияи Панҷ гирифта, ба додситонии дигар бидиҳанд. Чун, ба гуфтаи ӯ, дар ноҳияи Панҷ “имкони ба таври холисона, беғаразона ва пурра пеш бурдани тафтишоти қазияи рухдода вуҷуд надорад.”
Пайвандони афсари кушташуда ҳамчунин талаб доранд, ки ба ҷуз аз гумонбари асосӣ, роҳбарияти ШКД-и ноҳияи Панҷ ва масъули қисми назорати яроқу ивази навбатдорон низ барои хунукназарӣ дар назди қонун ҷавоб гӯянд.
Холиқназар Ҷумъаев афзуд, талаби дигари онҳо ин аст, ки қазия бояд аз рӯйи иттиҳоми куштор баррасӣ шавад. Мақомот нисбат ба гумонбари асосӣ, бо моддаи “куштор аз беэҳтиётӣ” парванда кушодаанд. Мақомот ҳанӯз ба ин шикоят посух надодаанд.
Меҳроншои 25-сола рӯзи 7-уми феврали имсол дар Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Панҷ ҷон бохт ва рӯзи душанбе дар зодгоҳаш, шаҳри Панҷакент, дафн карда шуд. Баъд аз чанд соати ҳодиса як намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, "Ҷумъаев ҳангоми супурдани аслиҳаи хидматӣ дар Шуъбаи умури дохилии ноҳия ҷон дод."
Меҳроншо Ҷумъаев 7 моҳ пештар аз Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун ба ноҳияи Панҷ ба кор гузашт ва унвони лейтенанти калони милисаро дошт.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
"Ин ҳукми қатл барои рӯзноманигории мустақил дар Хатлон аст"
Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders) аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки Аҳмади Иброҳим ва хабарнигорони дигари зиндонии тоҷикро фавран озод кунанд. Ин созмони воқеъ дар Фаронса истифода аз низоми додгоҳиро "барои хомӯш кардани садоҳои мухолиф" маҳкум кард.
Аҳмади Иброҳим, сардабири "Пайк", ягона нашрияи мустақил дар вилояти Хатлон, рӯзи 10-уми январ даҳ сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Масъули барномаҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ дар Гузоришгарони Бидуни Марз ҳукми ӯро "худсарона" номид. Жанна Кавелйе рӯзи 14-уми январ дар изҳороте гуфт, "ин ҳукми қатл барои рӯзноманигории мустақил дар вилояти Хатлон аст."
"Ин ҳукм – ҳосили мурофиаи ношаффоф ва бидуни вакили мудофеъ – боз як намоиши азми мақомоти Тоҷикистон барои шикастани такягоҳҳои охирини матбуоти мустақил аст," – афзуд ӯ.
Додгоҳи шаҳри Кӯлоб Аҳмади Иброҳимро ба ришвадиҳӣ, тамаъҷӯӣ ва ифротгароӣ гунаҳкор донист. Худаш дар номае аз Боздоштгоҳ парвандаро сохта хонд. Наздиконаш низ бо ҳукм розӣ нестанд.
Аҳмади Иброҳим 63-сола аст ва солҳои дароз дар расонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ кор кардааст. "Рӯди пурхун", "Ҷаҳиши охирини бабр", "Спитаман. Катан. Тахористон" ва "Куруши Кабир" аз китобҳои ӯст. Дар соли 2012 нашрияи мустақили "Пайк"-ро дар вилоят Хатлон таъсис дод ва то замони боздошт масъулияти чопи онро бар уҳда дошт.
Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders) мегӯяд, аз соли 2022 ба ин сӯ тақрибан даҳ хабарнигору блогер дар Тоҷикистон боздошт ва ба муҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.
"Мурофиаи онҳо низ чун парвандаи Аҳмади Иброҳим бо камбудҳои зиёд сурат гирифтааст ва иттиҳомоти алайҳи онҳо баҳонае барои сокит карданашон аст. Ин яке аз саркӯбҳои ҷиддитарини матбуот пас аз ҷанги шаҳрвандии 1992-1997 мебошад," – гуфта шудааст дар изҳороти созмон.
Тоҷикистон дар шохис ё индекси озодии матбуот (соли 2024) дар миёни 180 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 155-ум қарор дорад. Дар соли 2023 дар ҷойгоҳи 153 буд.
Ҳафт низомии украиниро дар Русия зиндонӣ кардаанд
Ҳафт низомии украиниро дар Русия аз 15 то 16 сол зиндонӣ кардаанд.
Додгоҳи ҳарбии Маскав ин афродро ба амали террористӣ дар вилояти Курск гунаҳкор донист.
Онҳо моҳи октябри соли 2024 дастгир шуданд.
Кумитаи тафтишоти Русия рӯзи 14-уми январ гуфт, ҳафт низомии Украина моҳи августи соли 2024 марзи Русияро ғайриқонунӣ гузашта, сокинони як ноҳияро дар вилояти Курск “тарсондаанд”.
Бахше аз вилояти Курски Русия зери назорати нерӯҳои Украина аст.
Додгоҳи Маскав дар моҳи декабри 2024 ду низомии украинӣ Виталий Панченко ва Иван Дмитраковро бо гуноҳи ҳамлаи террористӣ дар вилояти Курск аз 14 то 15 сол зиндонӣ кард.
Ҳамлаи нерӯҳои Украина ба чанд ҳадаф дар хоки Русия
Мақомоти Украина гуфтанд, ки нерӯҳои ин кишвар рӯзи 14-уми январ ба чанд ҳадаф дар дохили Русия, аз ҷумла корхонаҳои аслиҳа, коркарди нафт ва анбори сӯзишворӣ зарба задаанд.
Андрей Коваленко, раиси Маркази мубориза бо маълумоти бардурӯғ дар Украина гуфт, ҳамлаҳо ба Энгелс, Саратов, Қазон, Брянск ва Тулаи Русия анҷом шуданд.
Дар ҳамин ҳол, Русия нерӯҳои худро барои ҳамла ба манотиқи атрофи шаҳри Покровск дар вилояти Донетски Украина сафарбар кардааст.
Дабири кулли НАТО Марк Рутте мегӯяд, мавқеи Украина ба қадри кофӣ қавӣ нест, ки дар музокироти эҳтимолии сулҳ бо Русия ширкат кунад.
Ӯ рӯзи 13-уми январ дар як суханронӣ дар Порлумони Аврупо гуфт, Украина пеш аз расидан ба созиши сулҳ бояд мавқеи низомии худро тақвият диҳад.
Дабири кулли НАТО хоҳони таҳкими мавқеи Киев шуд
Дабири кулли НАТО гуфт, Украина дар мавқее нест, ки гуфтушуниди сулҳро бо Русия сар кунад.
Марк Рутте рӯзи 13-уми январ дар Парлумони Аврупо гуфт, Украина “ҳоло наметавонад аз мавқеи зӯр музокира кунад”.
“Мо бояд барои тағйири самти низоъ кори бештаре анҷом диҳем, то онҳо тавонанд дар мавқеи зӯр қарор гиранд”, -- афзуд ӯ.
Суханронии Рутте як ҳафта пеш аз савгандёдкунии президенти мунтахаби Амрико Доналд Трамп сурат гирифт.
Трамп ваъда додааст, ки ҷангро дар Украина зудтар поён хоҳад дод.
Ин ваъда нигарониро ба миён овардааст, ки шояд бо омадани Доналд Трамп ёриҳо ба Киев фавқулода кам ва раҳбарони Украина ба гузаштҳои дардноке маҷбур шаванд.
Қулмамад Паллаев, фаъоли бадахшонӣ, дар зиндон даргузашт
Қулмамад Паллаев, фаъоли маданӣ аз ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаби 12 ба 13-уми январ дар зиндоне дар шаҳри Душанбе даргузаштааст.
Ӯ моҳи майи соли 2022 дастгир ва дертар ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.
50 сол дошт.
Кӯшиши мо барои суҳбат бо пайвандонаш то ин дам натиҷа надод.
Рӯзноманигори мустақил Анора Саркорова рӯзи 13-уми январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки Қулмамад Паллаев аз дарди сахти меъда ранҷ мекашид.
"Масъулони зиндон дар бораи вазъи саломати ӯ хабар доштанд, аммо чорае надиданд. Онҳо ба маҳбуси сиёсӣ тавсия додаанд, ки "сабр кун". Шароити боздошти маҳбусони сиёсӣ мояи нигаронии ҷиддист," – навишт Анора Саркорова.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти зиндониён ва гаравгонони сиёсии Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Варшава, рӯзи 14-уми январ марги Қулмамад Паллаевро дар маҳбас фоҷиабор хонд.
Масъулони созмон дар изҳороте навиштанд, “марги Қулмамад Паллаев бозгӯйи равшани он аст, ки зиндонҳои низоми Раҳмон ба марказҳои шиканҷа ва фишори равонӣ табдил ёфтаанд.”
Қулмамад Паллаев моҳи майи соли 2022, баъд аз эътирози мардум ва амалиёти мақомот дар Хоруғу Рӯшон, дастгир ва ҳамроҳи нуҳ нафари дигар ба ҳабси абад маҳкум шуд.
Мақомот ӯ ва ҳамроҳонашро ба терроризму ҷиноятҳои дигар гунаҳкор карданд, вале наздикони онҳо хулосаи Додгоҳро напазируфтанд.
Маълумот: Ҳодисаи Хоруғу Рӯшон
Ҳамааш рӯзи 16-уми майи соли 2022 ва пас аз он сар шуд, ки гуруҳе аз ҷавонон барои додхоҳӣ аз маҳаллаи Бархоруғ ба маркази шаҳри Хоруғ равон шуданд. Онҳо аз мақомот талаб карданд, ки куштори Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа ва ду нафари дигарро дар ҷараёни эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Хоруғ одилона таҳқиқ кунанд. Истеъфои раиси шаҳри Хоруғ ва раиси вилояти Бадахшон аз хостҳои дигари ҷавонон буд.
Мақомот талаби онҳоро напазируфтанд ва барои пароканда кардани онҳо тирҳои резинӣ ва гази ашковар ба кор бурданд. Дар он ҳодиса Замир Назаршоев, сокини 31-солаи гузари Гулакени Хоруғ ҷон бохт.
Мавҷи эътирозҳо рӯзи 17-уми майи соли 2022 аз Хоруғ ба ноҳияи Рӯшон кӯчид. Рӯзи дигар амалиёти, ба гуфтаи мақомот, “зиддиттеррористӣ” дар ноҳия шуруъ шуд.
Дар натиҷа, ба иттилои расмӣ, 29 кас кушта шуданд. Кандуков ва суҳбати хабарнигорони Радиои Озодӣ бо мардуми маҳаллӣ ошкор кард, ки камаш 34 нафар ҷон бохтаанд. Дар ҳоле ки мақомот онҳоро “узви гуруҳҳои ҷиноӣ” меноманд, пайвандонашон гуфтанд, ки аксарият бесилоҳ буданду аз паси зиндагии оромонаи худ.
CPJ аз мақомоти Тоҷикистон хост, Аҳмади Иброҳимро озод кунанд
Як созмони ҳомии хабарнигорон ҳукумати Тоҷикистонро барои зиндонӣ кардани рӯзноманигор Аҳмади Иброҳим сахт танқид кард.
Кумитаи Дифоъ Аз Хабарнигорон (CPJ), қароргоҳаш дар Ню-Йорк, рӯзи 13-уми январ аз мақомот хост, ки Аҳмади Иброҳим ва хабарнигорони дигари зиндониро раҳо кунанд.
Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаи CPJ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ, гуфт, "ҳукми сангин нисбат ба Аҳмади Иброҳим баёнгари он аст, ки мақомоти Тоҷикистон барои аз байн бурдани гузоришҳои танқидӣ ба чӣ кор қодир ҳастанд."
Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, "Тоҷикистон дар бештар аз як даҳсола матбуоти мустақилро пурра аз байн бурд".
"Ҳукумати Тоҷикистон бояд Аҳмади Иброҳим ва ҳафт рӯзноманигори дигарро, ки бо иттиҳомҳои интиқомҷӯёна зиндонӣ шудаанд, фавран озод карда, фазои саркӯбкунандаро ислоҳ кунанд," – афзуд Гулноза Саид.
Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи мустақили "Пайк", рӯзи 10-уми январ ба даҳ сол зиндон маҳкум шуд.
Додгоҳи шаҳри Кӯлоб ӯро ба ришвадиҳӣ, тамаъҷӯӣ ва ифротгароӣ гунаҳкор донист. Худаш дар номае аз Боздоштгоҳ парвандаро сохта хонд. Пайвандонаш низ раҳоии ӯро талаб доранд.
Аҳмади Иброҳим 63-сола аст ва солҳои дароз дар расонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ кор кардааст. "Рӯди пурхун", "Ҷаҳиши охирини бабр", "Спитаман. Катан. Тахористон" ва "Куруши Кабир" аз китобҳои ӯст.
Дар соли 2012 нашрияи мустақили "Пайк"-ро дар вилоят Хатлон таъсис дод ва то замони боздошт масъулияти чопи онро бар уҳда дошт.
Боздошти як сокини Конибодом барои "ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ" ба Украина
Мақомоти тоҷик як сокини шаҳри Конибодомро, ки ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз Тоҷикистон ба Украина гумонбар дониста мешавад, дастгир кардаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як хабар гуфт, ин марди 36-сола чандин нафарро бо ваъдаи таъмини ҷойи кор бо маошу шароити хуб ба сифати фурӯшанда ва дигар ихтисосҳо ҷалб намуда, аммо ба онҳо музди меҳнаташонро напардохтааст. Ҳамчунин, шиносномаҳояшонро аз дасташон маҷбурӣ гирифта, то лаҳзаи баргашташон бо худ нигоҳ доштааст.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гумонбар як марди 33-соларо ба сифати фурӯшанда ҷалб карда, ба ӯ 900 ҳазор рубли Русия зарар расонидааст. Ба ҳамин монанд, ба нафари дигар 4 миллиону 800 ҳазор рубли русӣ зарари моддӣ расонида, баръакс, иддао кардааст, ки гӯё ҷабрдида аз ӯ 15 ҳазор доллар қарздор аст. Ҳамин тавр гумонбар ба се нафари дигар наздик ба 3 млн рубл зарар расонидааст.
Аз гумонбар ном бурда нашуда, назари худи ӯ ба ин иттиҳом дастрас нест.
Ба иттилои мақомот, зидди ӯ барои "ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ", парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Тоҷикистон. Эълони ҷойҳои холӣ барои кор дар Қатар
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо пахши як эълон шаҳрвандонро барои кор дар Қатар барои соли 2025 даъват кардааст. Дар эълон музди меҳнат вобаста ба кору ихтисос аз 550 доллар бештар гуфта шудааст.
Ба навиштаи ин ниҳод, кор дар Қатар дар бахшҳои чорводорӣ, анбори мошинҳо ва кор бо техникаи он, пешбинӣ шудааст ва хоҳишмандон бояд ба "Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ", муроҷиат кунанд.
Намояндагони Вазорати меҳнат мегӯяд, маблағи билет, раводид, ҷойи хоб, хӯрок, либоси корӣ, нақлиёт ва хизматрасонии тиббӣ аз сӯи корфармо пардохт мешавад. Кор фақат барои донандагони забонҳои англисӣ ё арабӣ пешниҳод карда мешавад.
Мақомоти Тоҷикистон талош доранд ба ҷуз Русия роҳи муҳоҷирони тоҷик ба дигар кишварҳо боз шавад. Аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон дар солҳои ахир барои кор ба Британияи Кабир фиристода мешаванд. Вале шумораи ин муҳоҷирон хеле кам аст.
Yonhap: Беш аз 300 сарбози Куриёи Шимолӣ дар Курск кушта шудаанд
Хабаргузории “Yonhap” аз қавли мақомоти иктишофии Куриёи Ҷанубӣ хабар дод, ки зиёда аз 300 сарбози Куриёи Шимолӣ дар Курски Русия кушта шудаанд. Нерӯҳои Украина бахше аз ин вилоятро зери назорат доранд.
Ба иттилои “Yonhap”, 2700 низомии дигари Куриёи Шимолӣ дар Русия захмӣ ҳастанд.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, рӯзи 11-уми январ гуфт, нерӯҳои кишвараш ду сарбози Куриёи Шимолиро дар Курск ба асорат гирифтаанд.
Аз як сарбози асир билети ҳарбӣ ба номи Антонин Аранчин, сокини Тива, ёфт шудааст.
Би-би-сӣ мегӯяд, Русия бо ин роҳ ҳузури низомиёни Куриёи Шимолиро дар ҷанги зидди Украина пинҳон медорад.
Зеленский гуфт, Киев дар ивази раҳоии асирони украинӣ дар Русия омодааст, ки ду сарбози Куриёи Шимолиро ба раҳбари он кишвар Ким Чен Ун бидиҳад.
Марги 24 кас дар сӯхтори азим дар Лос Анҷелес
Теъдоди қурбониёни сӯхтор дар Лос Анҷелеси Амрико ба 24 кас расидааст.
16 тани дигар бедарак ҳастанд.
Мақомоти Амрико гуфтанд, эҳтимол ин шумора бештар шавад.
Сӯхтор рӯзи 7-уми январ сар шуд.
Оташ дар ҳазорҳо гектар паҳн шуда, зиёда аз 12 ҳазор биноро вайрон кардааст.
Ҷо Байден, президенти Амрико, сӯхторро дар Лос Анҷелес фалокати бузург донист.
AccuWeather чанд рӯз қабл зарари эҳтимолии иқтисодиро аз ин офати табиӣ 135-150 миллиард доллар ҳисоб карда буд.
Мақомоти Эрон гуфтанд, Обиддинӣ аз Итолиё ба Теҳрон рафт
Мақомоти Эрон гуфтанд, ки Муҳаммад Обиддинӣ рӯзи 12-уми январ баъди раҳоӣ аз Итолиё ба Ҷумҳурии Исломӣ баргаштааст.
Раҳоии ин тоҷири эронию швейтсарӣ пас аз чор рӯзи озодии Чечилиа Соло, хабарнигори 29-солаи итолиёӣ аз Теҳрон сурат гирифт.
Обиддинии 38-сола дар моҳи декабри соли 2024 бо дархости Амрико дар шаҳри Милани Итолиё дастгир шуд.
Вашингтон ӯро ба даст доштан дар ҳамла ба пойгоҳи амрикоӣ дар Урдун муттаҳам медонад. Дар ин ҳодиса се сарбоз кушта шудааст.
Муҳаммад Обиддинӣ, инчунин, ба нақзи таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида ва фиристодани фанновариҳои пешрафта ба артиши Эрон гумонзад аст.
Қаблан Амрико истирдоди ӯро дархост карда буд.
Вазорати корҳои хориҷии Эрон боздошти Обиддиниро дар Итолиё “суитафоҳум” номид.
Байден ваъда додааст, се амрикоиро аз Афғонистон берун меорад
Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, гуфтааст, се амрикоии дастгиршударо ба ҳар қимате аз Афғонистон берун хоҳад овард.
Кохи Сафед дар ин бора рӯзи 12-уми январ хабар дод.
Райан Корбетт, Ҷорҷ Глезман ва Маҳмуд Ҳабибӣ аз соли 2022 дар Боздоштгоҳи "Толибон" дар Афғонистон ҳастанд.
Байден рӯзи 12-уми январ бо пайвандони онҳо дар Вашингтон суҳбат кард. То поёни маъмурияти ӯ як ҳафта мондааст.
Хабаргузории "Reuters" пештар гузориш дод, ки маъмурияти Байден барои раҳоии се амрикоӣ аз моҳи июли 2024 бо "Толибон" музокира дорад.
Ба навиштаи манбаъ, дар ин гуфтушунид озодии Муҳаммадраҳим ал-Афғонӣ дар ивази раҳоии се амрикоӣ матраҳ аст. Ал-Афғонӣ, ки яке аз шарикони Усома бин Лодин, бунёдгузори созмони террористии “Ал-Қоида” номбар мешавад, аз соли 2008 дар зиндони Гуантанамост.
Райан Корбетти 40-сола дар Афғонистон имдодгар буд.
Маҳмуд Ҳабибии 37-сола раёсати Идораи ҳавонавардии ҳукумати пешини Афғонистонро бар уҳда дошт.
Ҳарду дар моҳи августи 2022, баъд аз як соли тасарруфи Афғонистон аз тарафи “Толибон” дастгир шуданд.
Ҷорҷ Глезман 66 сол дорад. Вай низ дар соли 2022 ҳангоми боздид аз Афғонистон боздошт шуд.
Боздошти як сокини Душанбе барои фиреби муҳоҷирон
Дар пайи шикояти муҳоҷирони фиребхӯрда, ки ба гуфтаашон, аз онҳо 500 ҳазор рубли русиро гирифтанд, мақомот аз боздошти як сокини шаҳри Душанбе хабар дод.
Пулиси пойтахт гуфт, Шаҳром Бегов, сокини 24-солаи шаҳри Душанбе дар телеграмканалҳои муҳоҷирон худро ҳамчун ҳуҷҷатгузор ва ронандаи таксӣ муаррифӣ намуда, аз корафтодагон тавассути ҳамёни электронӣ пул мегирифтааст.
Феълан беш аз 20-ҳолати ба гуфтаи мақомот "мардумфиребӣ"-и Шаҳром Бегов муайян шуда, зарари ба муҳоҷирон расонидаи ӯ беш аз 500-ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад.
Назари худи Беков ба ин қазия дастрас нест.
Ҳоло нисбати ӯ тафтишот идома дорад.
NBC: Шумораи қурбониёни сӯхтор дар Лос Анҷелес ба 16 кас расид
NBC News рӯзи 12-уми январ навишт, ки теъдоди қурбониёни сӯхтори азим дар як минтақаи сарватмандон дар Лос Анҷелеси Амрико ба 16 кас расид.
Сездаҳ тани дигар бедарак ҳастанд.
Сӯхтор рӯзи 7-уми январ сар шуд.
Оташ то кунун дар бештар аз 15 ҳазор гектар паҳн шуда, зиёда аз 12 ҳазор биноро вайрон кардааст.
Мақомоти маҳаллӣ ба далели дуди ғализи заҳролуд вазъияти изтирорӣ эълом карданд.
Ҷо Байден, президенти Амрико, сӯхторро дар Лос Анҷелес фалокати бузург донист.
AccuWeather зарари иқтисодиро аз ин офати табиӣ 135-150 миллиард доллар баршумурд.
Фиристодаи вижаи Трамп хоҳони фишори бештарин ба Эрон шуд
Фиристодаи вижаи президенти мунтахаби Амрико Доналд Трамп дар умури Русия ва Украина хоҳони "фишори ҳадди аксар" алайҳи Теҳрон шуд.
Генерал Кит Келлогг дар ин бора рӯзи 11-уми январ дар нишасти мухолифони Эрон дар Порис (Париж) изҳорот дод.
Ӯ гуфт, бояд бо фишори афзун Эронро маҷбур кард, ки ба озодии бештар иҷозат дода, пуштибониро аз унсурҳои ифротгаро дар Ховари Миёна бас кунад.
"Ин фишорҳо на танҳо низомӣ, балки бояд иқтисодӣ ва дипломатӣ низ бошанд," – гуфт Келлогг дар нишасти Шӯрои миллии муқовимати Эрон (NCRI). Шӯрои миллии муқовимат як созмони мухолифи режими Теҳрон аст. Эрон онро созмони террористӣ медонад.
Маълум нест, ки сафари Кит Келлогг ба Порис (Париж) ва изҳороти ӯ дар мавриди Эрон мустақим бо Доналд Трамп ҳамоҳанг шудааст ё на.
Президенти мунтахаби Амрико рӯзи 27-уми ноябри 2024 номзадии Келлогро ба мақоми намояндаи вижа дар умури Украина ва Русия пешбарӣ кард. Ин генерали мустаъфӣ муддати дароз мушовири аршад дар умури дифоъ будааст.
Дар ҳамин ҳол, Ҳусейн Саломӣ, фармондеҳи Сипоҳи посдорон, рӯзи 11-уми январ гуфтааст, артиши Эрон “тавре ки бархе бовар доранд” он қадар заиф нест.
Изҳороти Малола Юсуфзай дар бораи ҳукумати "Толибон"
Малола Юсуфзай, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел, аз раҳбарони кишварҳои мусалмонӣ хост, ки ба ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон "ҷомаи қонунӣ" напӯшонанд.
Вай, баръакс, аз онҳо даъват кард, ки бо истифода аз "қудрати худ" алайҳи монеагузории "Толибон" ба кору таҳсили занон ва духтарон садо баланд кунанд.
"Одӣ карда гӯем, "Толибон" занонро одам ҳисоб намекунанд," – гуфт Малола Юсуфзай рӯзи 12-уми январ дар пойтахти Покистон.
Дар Исломобод рӯзи 11-уми январ нишасти намояндагони тахминан 50 давлати мусалмоннишин оғоз ёфт. Ягон намояндаи ҳукумати "Толибон"-и Афғонистон ҳозир нашуд.
Гурӯҳи "Толибон" дар моҳи августи соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт ва хондани духтаронро дар мактабу донишгоҳ манъ кард.
Малола Юсуфзайи 27-сола соли 2012 ба далели даъватҳояш барои таҳсили духтарон мавриди ҳамлаи мусаллаҳонаи "Толибон"-и Покистон қарор гирифта буд.
Нерӯҳои Украина ду сарбози Куриёи Шимолиро асир гирифтаанд
Раисҷумҳури Украина рӯзи 11-уми январ гуфт, ки нерӯҳои кишвараш ду сарбози Куриёи Шимолиро дар вилояти Курски Русия асир гирифтаанд. Куриёи Ҷанубӣ хабарро рӯзи 12-уми январ тасдиқ кард.
Ба қавли Владимир Зеленский, сарбозони Куриёи Шимолӣ ҳоло дар Киев ҳастанд ва мавриди таҳқиқи Хадамоти амнияти Украина.
"Ба монанди асирони дигар, ба онҳо низ ёрии зарурии пизишкӣ расонда шуд," -- навишт Зеленский дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Ӯ ба Хадамоти амнияти Украина дастур додааст, ки дастрасии хабарнигоронро бо сарбозони асируфтодаи Куриёи Шимолӣ таъмин кунад, то "дунё донад, ки чӣ мегузарад".
Президенти Украина барои асир гирифтани ду сарбози Куриёи Шимолӣ ба нерӯҳои кишвараш изҳори сипос кард.
"Ин кори осон нест. Сарбозони Русия ва Куриёи Шимолӣ одатан захмиёнро аз байн мебаранд, то дар бораи ҳузури Пхенян дар ҷанги зидди Украина осоре намонад," – шарҳ дод Владимир Зеленский.
Хабаргузории “Рёнҳап” дар моҳи декабри соли 2024 талафоти Куриёи Шимолиро дар ҷанги Русия алайҳи Украина 1100 кас шумурда буд.
Ба иттилои мақомоти амниятии Куриёи Ҷанубӣ, Пхенян барои фиристодани техника ва нерӯҳои иловагӣ ба Русия тайёрӣ мебинад.
Пирӯзии Нурулло Алиев, “уқоби тоҷик”, ба размикори амрикоӣ
Нурулло Алиев, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), дар мусобиқоти UFC Fight Night 249, ки шаби 12-уми январ дар шаҳри Лас-Вегаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гузашт, дар вазни сабук Ҷо Солекии амрикоиро мағлуб кард.
Аз рӯи натиҷаҳои се раунд бо қарори якдилонаи доварон размикори 25-солаи тоҷик Нурулло Алиев пирӯз дониста шуд (30-27, 30-27, 29-28).
Нурулло Алиев аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки ба созмони UFC (Ultimate Fighting Championship) дохил шуд ва то ҳоло шикастнопазир мебошад. Ӯ дар даҳ қувваозмоӣ, аз он ҷумла дутоаш дар UFC, дастболо шудааст. Қадаш 1,78 метр, вазнаш сабук (70 кг) аст.
Рақиби размикори тоҷик Ҷо Солекии 31-сола аз 19 рақобати худ дар 13-тоаш пирӯз шуда, шаштоашро бохтааст. Қадаш 1,75 метр, вазнаш 70 кг мебошад.
Нурулло Алиев дар аввалин рақобаташ дар мусобиқоти "UFC Vegas 70" моҳи феврали соли 2023 дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи ИМА Рафаэл Алвеси бразилиро бо тасмими доварон шикаст дода буд (29-27, 29-27, 28-28).
Ӯ аз соли 2018 дар муҳорибаҳои размии омехта ширкат меварзад. Дар моҳи сентябри соли 2022 дар Лас-Вегас дар муҳорибаҳои омехта дар доираи мусобиқоти интихобии Dana White's Contender Series барои бастани шартнома бо UFC ба рақиби амрикоиаш Ҷош Уик бо нокаути фаннӣ дар сонияҳои охирини раунди аввал ғолиб шуд. Қаблан размикори тоҷик дар мусобиқоти GFC ва AMC Fight Nights иштирок мекард.
Нурулло Алиев, ки 16-уми октябри соли 1999 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, устоди варзиши Тоҷикистон дар намудҳои гуштии озод ва самбои размӣ, инчунин устоди дараҷаи байналмилалӣ дар риштаи панкратион мебошад. Алиев дар мусобиқоти UFC бо лақаби Tajik Eagle (Уқоби тоҷик) маъруф аст.
Ҳоло дар UFC Тоҷикистонро чаҳор размикор намояндагӣ мекунанд, ки боз ду нафарашон ба наздикӣ рақобатҳои худро баргузор менамоянд.
18-уми январ Муин Ғафуров (19-6, UFC 1-2) қувваозмоии навбатии худро бо Риня Накамураи ҷопонӣ (9-0, UFC 3-0) анҷом медиҳад. Он дар доираи мусобиқоти UFC 311 баргузор мешавад.
Муҳаммад Наимов (UFC 3-1, 11-3) 1-уми феврал дар мусобиқоти UFC Fight Night 250 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ бо намояндаи Австралия Каан Офли (UFC 0-1, 13-3-1) қувваозмоӣ мекунад.
Лоиқ Раҷабов то ҳоло рақиби нав надорад.
Доналд Трампро "бешарту шурут озод карданд"
Додгоҳе дар Ню Йорк қарор кард, ки Доналд Трамп аз рӯи парвандаи сохтакории ҳуҷҷатҳои корӣ бо мақсади пинҳон кардани ҳодисаи пардохти 130 ҳазор доллар ба ҳунарпешаи филмҳои порнографӣ Сторми Дениэлс “бешарту шурут озод карда шавад”.
Пул барои пинҳон доштани робитаҳои маҳрамонаи Трамп бо Дениэлс дар давраи ширкаташ дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 пардохт шудааст. Трамп ҳамоно аз рӯи 34 мавриди вобаста ба тақаллуби санадҳо гунаҳгор дониста мешавад ва ин ҳукм ҳанӯз баҳори соли гузашта аз ҷониби ҳайати ҳакамон содир шуда буд.
Додгоҳ қарор кард, ки ба хотири эҳтиром ба сохтори президентии кишвар Трампро озод мекунад. Худи Трамп гуфтааст, ки бегуноҳ аст ва парванда дорои ангезаҳои сиёсӣ буда, дар таҳияи санадҳо муҳосибон ба хато роҳ додаанд. Рӯзи 4 январи имсол ҳам пеш аз додгоҳ ӯ дар шабакаи Truth Social гуфт, ин додгоҳ як “ҳамлаи сиёсӣ” мебошад.
Доналд Трамп аввалин президенти собиқ дар таърихи Амрико аст, ки дар содир кардани ҷиноят муттаҳам шудааст. Дар маҷмӯъ зидди ӯ чор парванда боз шуда буд. Се парвандаи дигар ба ҳифзу нигаҳдории нодурусти санадҳо, талоши дахолат ба интихоботи президентии соли 2020 ва талоши ғасби қудрат (ҳуҷум ба Капитолий дар моҳи январи соли 2021) рабт доранд. Аз ин пеш прокурори вижа аз иттиҳомҳои оид ба ҳифзи нодурусти санадҳо ва дахолат ба интихобот даст кашид.
Дар Қирғизистон духтаре боздошт шуд, ки эҳтимолан навзодеро дар масҷид партофта буд
Полиси Қирғизистон гуфт, ки духтари 16-солаеро боздошт кардааст, ки эҳтимолан дар масҷиди шаҳри Қизилкии вилояти Ботканд як ҳафта пеш кӯдаки навзодеро партофта рафтааст.
Полиси вилоятӣ гуфтааст, ки сокини деҳаи Орозбековои ноҳияи Қадамҷойро рӯзи 10 январ боздошт намуд. Тафтиш шурӯъ шудааст. Дар бораи кӯдаки партофташуда рӯзи 4 январ имоми масҷиди Ал-Ғуфрон хабар дод. Ӯ гуфт, ки навзод дар як латта печонида шуда буд ва ӯро зуд ба беморхонаи шаҳри Қизилкиӣ интиқол доданд. Вазъи саломатии кӯдак мӯътадил арзёбӣ мешавад. Ҷузъиёти дигар феълан маълум нест.
Як сол пеш аз ин дар Қирғизистон чанд ҳодисаи пайдо шудани навзодҳои партофташуда сабт гардид. Аз се навзоде, ки дар фурсати хеле кам байни ҳам дар шаҳрҳои Бишкек ва Ҷалолобод ёфт шуданд, ду нафараш дар дохили қуттии ахлот буданд. Боздошту сӯҳбат бо модарони навзодҳо ошкор намуд, ки ҳамаи онҳо то 21-сола буда, кӯдаконро бидуни никоҳ ба дунё овардаанд ва аз тарси волидон даст ба ин кор заданд.
Баъди ин дар ҷомеаи Қирғизистон зарурати ҷорӣ кардани беби-бокс ё қуттиҳо дар назди таваллудхонаҳо барои кӯдакони партофташуда доғ шуд, то ки ҷони навзодҳо дар хатар намонад.
Занони футболбози тоҷик бо бонувони Саудӣ ду бозии дӯстона мекунанд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар рӯзҳои FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) моҳи феврал бо тими миллии бонувони Арабистони Саудӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби занонаи Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон рӯзҳои 23-юм ва 26-уми феврал дар шаҳри Ҷидда баргузор мешаванд.
Бозиҳои дӯстона бо тими миллии бонувони Арабистони Саудӣ барои дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 23-юми июн то 5-уми июли соли ҷорӣ доир мегардад, ба ҳисоб меравад. Рақибони занони футболбози тоҷик дар марҳилаи интихобӣ 27-уми март муайян хоҳанд шуд.
Дастаи мунтахаби духтарони Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Фарҳодҷон Холбеков дар доираи ҷамъомади таълимию тамринӣ рӯзҳои 13-ум ва 18-уми декабри соли гузашта дар шаҳри Ҷидда бо тими Арабистони Саудӣ (U-17) ду бозии дӯстона баргузор карда, дар ҳардуяш бо натиҷаҳои 2:0 ва 1:0 пирӯз шуда буд.
Бозиҳои дӯстона бо мунтахаби Арабистони Саудӣ дар Ҷидда барои дастаи Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занонаи то 17-сола, ки аз 9-ум то 17-уми октябри имсол барпо мегардад, ба шумор мерафт. Рақибони дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-17) дертар маълум хоҳанд шуд.
Қаблан дастаи мунтахаби ҷавонзанони то 20-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Юсуф Рабиев моҳи октябри соли 2024 бо тими бонувони Арабистони Саудӣ (U-20) дар Ҷидда ду бозии дӯстона анҷом дода, дар ҳардуяш (2:1 ва 1:0) ғалаба карда буд.
Бозиҳои дӯстона дар Ҷидда барои дастаи ҷавонзанони Тоҷикистон (U-20) низ як марҳилаи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маҳсуб мешуд, ки аз 8-ум то 16-уми марти имсол доир мегардад. Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дертар муайян мешаванд.
Нахуствазири Гренландия: мо на амрикоӣ ва на даниягӣ, мо гренландӣ будан мехоҳем
Нахуствазир Мюте Эгеде гуфт, ҷазираи Гренландия дар талоши дастёбӣ ба истиқлолият аст ва намехоҳад, ки тобеи Дания ё ИМА бошад.
Дар ин бора рӯзи 10 январ Мюте Эгеде дар як нишасти матбуотии муштарак бо нахуствазири Дания Метте Фредериксен изҳори назар кард. Эгеде дар вокуниш ба изҳороти президенти мунтахаби Амрико Доналд Трамп дар бораи эҳтимоли ба ҳайати Амрико ворид кардани ҷазираи Гренландия гуфт, “мо мехоҳем гренландӣ бошем”. Ӯ инчунин гуфт, ки ин ҷазира барои ҳамкорӣ бо ИМА омода мебошад, вале сарнавишти онро танҳо сокинони Гренландия таъин хоҳанд кард.
Метте Фредериксен, нахуствазири Дания истиқлолталабии Гренландияро «як талоши қонунӣ ва қобили дарк” номид, вале таваҷҷӯҳи ИМА-ро ба ин ҷазира як иқдоми мусбат арзёбӣ намуд. Айни замон ӯ гуфт, ки хостори дар ҳайати шоҳигарии Дания ҳифз шудани Гренландия мебошад. Ӯ таъкид намуд, ки Гренландия фурӯхта намешавад, вале Дания омода аст ҳамроҳ бо ИМА дар коркарди захираҳои он ҳамкорӣ кунад. Ӯ инчунин аз сармояи нокофӣ ба амнияти ҷазира таъкид намуд. Қаблан ИМА ва Дания аз талошҳои Чин барои сармоягузорӣ ба зербиноҳои ҷазираи Гренландия пешгирӣ карда буданд.
Гренландия дар тамоми масъалаҳо, ба ҷуз сиёсати хориҷӣ ва амният дорои мухторият мебошад ва муддатҳои зиёд аст, ки дар фикри дастёбӣ ба истиқлолият аст. Аммо ҳамеша бо мушкилоти иқтисодӣ рӯбарӯ шудааст. Financial Times менависад, нақши ин ҷазира дар Арктика ба хотири захираҳои табиӣ, пойгоҳи низомии амрикоӣ ва роҳҳои баҳриаш хеле муҳим дониста мешавад.
Кори соҳибкорони тоҷикро то соли 2027 танҳо мақомоти андоз месанҷанд - фармони президент
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо як фармонаш аз 10 январ санҷиши кори ширкатҳои соҳибкорӣ дар кишварро ба мӯҳлати ду сол барои сохторҳои тафтишотии кишвар, ба ҷуз мақомоти андоз, манъ кард.
Фармон то 1 январи соли 2027 амал мекунад. "Дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, таҳкими иқтидори саноатӣ ва содиротии ҷумҳурӣ, аз байн бурдани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ” чун зарурати имзои чунин фармон шарҳ дода шудааст.
Дар санад изҳори боварӣ мешавад, ки чунин моратория барои рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя таъсири мусбат мерасонад. Ин бори панҷум аст, ки аз соли 2008 ба ин сӯ (солҳои 2008, 2011, 2018, 2022 ва 2005) президенти Тоҷикистон фармони манъи тафтиши кори соҳибкоронро дар кишвар дар муддатҳои муайян қабул мекунад.
Вале бо ин вуҷуд, соҳаи соҳибкории хурду миёна, ки дар бисёр кишварҳо пойдевори рушди иқтисод дониста мешавад, дар Тоҷикистон дорои мушкилоти фаровон мебошад. Соҳибкорон дар Тоҷикистон аз қарзҳои баланди бонкӣ, вуҷуди фасод ва набуди шаффофият дар муносибати корӣ бо сохторҳои давлатӣ, монополия шудани соҳаҳои даромадноки иқтисод аз ҷониби ширкатҳои наздик ба ҳукумат, набуди рақобати солим ва андозҳои баланд шикоят мекунанд.
Як сол пеш аз эълони мораторияи ахири санҷиши кори соҳибкорон дар соли 2021 дар Тоҷикистон кори беш аз 20 ҳазор соҳибкор бас шуд. Як далелаш - тафтишҳои беасосу пайдарпайи мақомот гуфта мешуд.
Вазорати беҳдошти Тоҷикистон садҳо муассисаро барои ҳолати ғайрисанитарӣ муваққатан баст
Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, соли 2024 фаъолияти 651 иншоот “бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарию гигиенӣ муваққатан аз фаъолият боздошта шуд”.
Ин маълумот дар ҷараёни ҷаласаи натиҷагирӣ аз соли кории вазорати тандурустии Тоҷикистон садо дод, ки рӯзи 8 январ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Ҷаласаи васеъ бо иштироки вазир Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовини нахуствазир Дилрабо Мансурӣ баргузор шуд.
Дар хабаре, ки дар саҳифаи фейсбуки вазорат чоп шудааст, аз ҷумла омадааст, ки дар соли гузашта кормандони вазорат дар тақрибан 17 ҳазор муассиса аз лиҳози мутобиқ буданашон ба меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ санҷиш барпо намуданд ва дар паи он нисбати беш аз 11,5 ҳазор шахси масъул протокол тартиб дода шуд.
Дар муддати як сол, вазорат аз истеъмоли 413 тонна хӯроквории пастсифат ва мӯҳлати истеъмолашон гузашта пешгирӣ кардааст.
Трамп гуфт, омодагиҳо ба мулоқоти ӯ бо Путин ҷараён дорад
Президенти мунтахаби ИМА Доналд Трамп гуфт, ки ҳоло омодагӣ ба мулоқоти ӯ бо президенти Русия Владимир Путин ҷараён дорад, вале ӯ нагуфт, ки ин вохӯрӣ кай барпо мешавад.
Трамп, ки 9 январ дар қароргоҳаш дар Мар-а-Лагои Флорида бо раҳбарони ҷумҳурихоҳи иёлоти мухталифи Амрико сӯҳбат мекард, гуфт, “мо бояд ба ин ҷанг хотима диҳем”.
Ӯ гуфт, то замони шурӯи расмии кораш 20 январ аз додани ҷузъиёт худдорӣ мекунад. Дар Кремл ҳанӯз ин изҳоротро шарҳ надодаанд. Аз ин пеш сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков гуфт, Путин хоҳиши Трампро барои барпо кардани робитаҳо дастгирӣ мекунад, вале ҳанӯз ҳеҷ дархости расмие ба Кремл ворид нашудааст.
Трамп, ки дар мулоқоти қаблиаш бо журналистон гуфта буд, дар сурати президент шуданаш ҷангро дар Украина дар 24 соат хотима медиҳад, вақтҳои охир дигар аз гуфтани мӯҳлатҳои мушаххас худдорӣ карда, дар яке аз нишастҳои матбуотии 7 январаш гуфт, умедвор аст амалиёти ҷангӣ байни ду кишвар дар ним сол хотима дода мешавад.